Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2024», рўзҳои аз 02 то 04 декабри соли 2024 дар ноҳияи Кӯшониён машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо иштироки хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, ташкилоту муассисаҳо, иншоотҳои иқтисодӣ, ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии ноҳия дар мавзўи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Кӯшониён ҳангоми рахнашавии НБО-и Норак ва зери хавфи об мондани ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар охири чорабинӣ шахсони фаъоли дар машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ иштирок намуда бо Сипосномаҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сарфароз гардиданд.
Сардори Раёсат
полковник Ҷ.Маҳмадзода.