Мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

12 декабри соли 2024 бо мақсади баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ вохӯрии Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарии ҷаноби Аҳсан Таҳсин, мутахассиси аршади Офатҳои табиии Бонки Ҷаҳонӣ баргузор шуд.

 Сарвари КҲФ ба ҳайат барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда, ба мавҷудияти имкониятҳои васеъ барои рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи мудирияти ҳолатҳои фавқулода таъкид кард.

Дар мулоқот механизмҳои муассири татбиқи лоиҳаи муштараки КҲФ ва Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои муҳокимаи вазъи фаъолиятҳо дар доираи барномаи «PREPARED» ва нишондиҳандаҳои лоиҳаи «CAT DDO» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Илова бар ин, масъалаҳои марбут ба таъсиси марказҳои идоракунии бӯҳронӣ дар сатҳи минтақаҳои кишвар, марказҳои кинологӣ ва ғаввосӣ, таҷҳизоти техникӣ, инчунин омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони воҳидҳои наҷоти Кумита баррасӣ шуданд.

Ҷаноби Аҳсан Таҳсин дар навбати худ таъкид кард, ки баргузории чунин вохӯриҳо ба татбиқи саривақтӣ ва пурсамари минбаъдаи лоиҳаҳои муштарак мусоидат мекунад. 

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда изҳор доштанд. 

барчасп: