«Бигзор, парчами пурҷилло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидон бошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Нахустин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошта, ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣқабул гардидааст. Дирафш аз давраҳои қадим нишонаву рамзи муқаддаси миллату давлат буда, ба хотири ҳифзи он фарзандони миллат ҷонсупориҳо намудаанд.
Баъдан бо шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ гардидаанд. Парчами миллӣифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми тоҷиконро дар рангҳои худ ифода намудааст.
Парчами миллӣ чун нишонаи азму иродаи устувори мардум бо тобиши се ранг: ранги сурх - мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - бахту иқболи сафед ва покизагӣ ва ранги сабз - саъю кўшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани ватан ва рамзи тоҷи зарҳалин бо ҳафт ситораи дурахшон аз мавҷудияти фарҳанги бостонии тоҷикон, давлату давлатдорӣ башорат медиҳад.
Бинобар ин эҳтироми волои Парчам ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Парчами Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24 ноябри соли 1992 қабул ва расман тасдиқ карда шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонбаландтарин парчам дар ҷаҳон, ки дарозии он 165 метрро ташкил медиҳад, дар маркази шаҳри Душанбе бунёд шудааст.
Аз ин рў, Парчами давлатии Тоҷикистон ин симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бошад, ки ин парчам доимо пурҷилову нурафшон бимонад!
Раҳмон И.И. муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои
ҷиноятии махсусан муҳими
Сарпрокуратураи ҳарбӣ,
подполковники адлия.