КҲФ: Хатари лағзиши тарма ва омадани сел вуҷуд дорад. Эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносӣ рӯзҳои 16-17 ноябри соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатхи бахр) хатари лағзиши тарма бар асари боронҳои пуршиддат вуҷуд дорад. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон хатари омадани сел боқӣ мемонад. Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи аз асбобҳои барқӣ ҳангоми гарм кардани хонаҳо эҳтиёт кунанд. Риояи қоидаҳои зиддисӯхтор гарави аслии таъмини амнияти сокинон аст.

барчасп: