Вохурӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 ноябри соли 2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсат оид ба самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва Нақшаҳои дохилии Раёсати моддию техникии Кумита барои соли 2024, дар маҷлисгоҳи Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти Кумита вохӯрӣ бо иштироки намояндаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини ташкил ва баргузор карда шуд.

Зимни сӯҳбат, Мирзозода И. оид ба таърихи куҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд, дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти уро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон буд. Гарчанде ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст. Инчунин, дар баромади худ ӯ қайд намуд, ки муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи  рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тоза интихоб гардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин ба самъи ҳайати шахсии афсарон ва кормандони Раёсатҳои болозикр, баланд бардоштани маърифати хизматчиёни ҳарбӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад.

           

барчасп: