Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд

16 ноябри соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти КҲФ ва ҳайати шахсӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Зимни суханронии худ раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода хидмат ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ созандаву калидӣ хонд.  

Сарвари КҲФ иброз дошт, ки маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин фирории тоҷик ба Ватан баргашт. Дар харитаи олам пайдо шудани номи Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол бо номи Эмомалӣ Раҳмон робитаи зич дорад. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги Сарвари давлатро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш намекунад.  

Рустам Назарзода дар бахши дигар аз суханронии худ таъкид кард, ки бо мақсади  арҷгузорӣ ба  хизматҳои  арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шуруъ  аз соли 2016  16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. 

   Гуфтанист, ки чунин чорабиниҳо дар тамоми ҷузъу томҳои КҲФ ва қисмҳои низомии Кумита баргузор шуданд.

 

барчасп: