15 ноябри соли 2024 дар Боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ аввалин наваскарони даъвати тирамоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд карданд. Ин аввалинҳо 104 нафар наваскарон аз се қисми низомии Кумита буданд, ки дар ҳузури наздикон, фармондеҳону ҳамкорон ва собиқадорон ба номи Ватани маҳбуб савганди садоқат ёд карданд.
Дар ин маросими ботантана Раиси КҲФ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва роҳбарияти ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Баъди фармони савгандёдкунии ҳайати шахсӣ сарбозони навдаъват ба номи Ватан савганди садоқат ёд карданд ва дар ҳузури пайвандону ёру ошно, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва роҳбарияти Кумита ваъда доданд, ки ба Ватан бо меҳру садоқати ҳамешагӣ хидмат хоҳанд кард, аз музаффариятҳои Истиқлол дифоъ мекунанд ва сохти контитутсионии кишварро ҳифз менамоянд
Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар назди сарбозону афсарон суханронӣ кард ва аз ҷумла гуфт: Имрӯз дар китоби зиндагии ҳамаи онҳое, ки ҳамин ҳоло ба номи Ватан савганди ҳарбӣ ёд карданд, саҳифаи нав оғоз гардид. Шумо на танҳо савганд ёд кардед, балки бори як масъулияти гаронеро чун ҳифзи тамомияти арзии кишвар, Конститутсия, Истиқлол бар дӯш гирифтед. Шумо ин савгандро дар шоҳидии ҳамагон, бахусус наздикону пайвандони худ ёд кардед ва ин ба он маъност, ки шумо омодаед онҳоро ҳимоя кунед, ҳифзи номусу шарафи Ватану миллат ин қарзи шаҳрвандии шумо шуд.
Дар назди ҳозирон ҳамчунин иддае аз волидони наваскарон суханронӣ карданд. Аз ҷумла яке аз онҳо дар муроҷиат ҳам ба фарзанди худ ва ҳам ба ҳамхидматонаш иброз дошт: Ростқавлу далеру қавӣ ва эътимод ба қувваву неруи худ дошта бошед. Масъулиятшинос шавед. Хонаводаҳои худро фаромӯш насозед. Ҳамеша дониста бошед, ки шумо фарзандони миллате бо таърихи бою ғаниед ва имрӯз посбони ин мулк шумоед, навбати ҳифзи музаффариятҳои кишвар аз шумост!
Муддати ин як моҳи охир наваскарон як давраи омӯзишии ҷанговари ҷавонро аз сар гузаронданд. Дар ин муддат онҳо бо оинномаҳои хидмат, унсурҳои муҳими омодагиҳо ба сафороӣ бо силоҳ ва бе силоҳ шинос шуданд. Ба қисмҳои ҷудо кардан ва дубора ба ҳам овардани силоҳро омӯхтанд.
Қабл аз оғоз ва пас аз анҷоми маросими савгандёдкунии ҳарбӣ сарбозони гарнизон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намуданд. Баъдан дар зери садои оркестри низомӣ маросими раҳпаймоии ҳарбӣ баргузор шуд ва ҳайат барои хӯроки нисфирӯзии идона сафарбар гардид.
Дар поёни маросими савгандёдкунӣ Раиси Кумита бо волидони наваскарон ҳамсуҳбат шуд.
Баъди қабули савганд хидмати ҳарбӣ оғоз мешавад. Наваскарон ба дастаҳо ҷудо карда мешаванд ва барояшон омодагиҳои ҳарбӣ оғоз мегарданд.