апрели 2025

Баррасии паёмадҳои заминларзаи Рашт дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.

Баргузории ҷаласаи РЕАКТ дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз, 17 апрели соли 2025 дар бинои Китобхонаи миллӣ таҳти сарварии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ  ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами  Парвати, бо ширкати намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон та таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 17-19 апрели соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 18-19 дар бисёр навоҳии кишвар бориши борони пуршиддат ва дар баъзе навоҳӣ раъду барқу жола дар назар аст. Рӯзи 19 апрел дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр борон метавонад мубаддал ба барф шавад. 

Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод

15 апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд. Хотиррасон менамоем, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Ҳалокати ду ноболиғи ғарқшуда дар Тоҷикобод

Дар ҳудуди деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод як ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он ду ноболиғ ҷон бохтаанд. 14-уми апрел тахминан соати 11 ду писарбачаи 4 ва 6-сола, ки бе назорати волидону калонсолон монда буданд, дар оби рӯди Шӯрак ғарқ шуданд.  Барои пайдо кардани ҷасади ноболиғон имдодгарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақаи Рашт фаврӣ корҳои ҷустуҷӯву наҷот роҳандозӣ карданд.

Паёмадҳои заминларзаи рӯзи 13-уми апрели Рашт. Гузориши расмӣ

Бино ба маълумоти  Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дақиқа дар  ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 160 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6-балл, дар ҳудуди  минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-баллро ташкил дод. Ба дунболи он соатҳои 12:14 ва 13:33 пасларза сабт шуд, ки тахминан дар ҳамон маҳдуди ҷуғрофӣ, вале бо қувваи камтар рух дод. Инак паёмадҳои ин зилзила то кунун:

Дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рафъи паёмадҳои заминларза дар Рашт

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини пас аз рух додани заминҷунбии рӯзи 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид. Комиссияи ҳукуматии иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарадида машғуланд.

Се заминларза дар як рӯз. Як тифли сесола ба ҳалокат расид. 29 хонаи истиқоматӣ зарар дид

Мувофиқи маълумоти  Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дақиқа дар  ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 160 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6-балл, дар ҳудуди  минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-баллро ташкил додааст.

Сели рӯзи гузашта дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ

10 апрели соли 2025 боронҳои пуршиддат сабаби омадани селҳо ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Ноҳияи Рӯдакӣ Чунончӣ,  10-уми апрел соати 04:00 дақиқа бар асари борони пуршиддат  сел дар деҳаи Дараи ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 3 ҳавлӣ ва хоҷагии ёрирасони се сокини ин деҳаро аз обу лой пур кард.

Партоби 36 мушак ба абрҳои жолазо дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Ёвон, Данғара ва Ҷалолуддини Балхӣ

10 апрели соли 2025 аз соати 13:00 то 13:45 дақиқа кормнадони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд мавзеъ бо партоби мушакҳои “Аллазан” абрҳои жолазоро пароканда карданд. Чунончӣ, кормандони Хадамоти зидди жола бо партоби 36 мушаки зидди жола дар ҳашт минтақа абрҳои жолазоро парешон карданд 

Семинар-машварати омӯзишӣ дар Кумита

11 апрели соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода бо иштироки ҳайати шахсӣ семинар-машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар семинари мазкур, намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Суман – сардори шуъбаи қонунгузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилоотии Сарраёсати қонунгузорӣ ва Назарзода Маҳина – сармутахасиси Раёсати бақайдгирӣ ва баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок 

Мулоқоти Раиси КҲФ бо иҷрокунандаи вазифаи сардори UN FAO дар Тоҷикистон

10 апрели соли 2025 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳайати Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) таҳти сарварии Иҷрокунандаи вазифаи Сардори Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (UN FAO) дар Тоҷикистон  ҷаноби Агаси Арутюнян баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Страницы