Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон та таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 17-19 апрели соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад.

Рӯзҳои 18-19 дар бисёр навоҳии кишвар бориши борони пуршиддат ва дар баъзе навоҳӣ раъду барқу жола дар назар аст. Рӯзи 19 апрел дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр борон метавонад мубаддал ба барф шавад. 

Рӯзҳои 18-19 апрел дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои баландкӯҳ пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-15º пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 17-18 апрел шамол аз самти ғарб бо суръати то 9-14м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 м/с вазида, дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва маркази ҷумҳурӣ 17 апрел тӯфони гарду ғубор ба амал меояд.

Рӯзҳои 17-19 апрел бар асари боронҳои пуршиддат эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Панҷ, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) ва Зарафшон вуҷуд дорад.

Рӯзҳои 17-20 апрел бинобар сабаби боришоти пай дар пай ва бошиддат ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби ВМКБ хатари омадани селҳо таҳиди мекунад.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  як бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ, шикоргоҳ барои шикор, чорвочарониву ғунучини гиёҳҳои доруворӣ худдорӣ кунанд.

Кумита аз волидон бо эҳтиром хоҳиш мекунад фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва иҷозат надиҳанд, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ба соҳили обҳо раванд ва дар назди селроҳаву ҷӯву каналҳо бошанд!

барчасп: