Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дақиқа дар ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 160 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6-балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-баллро ташкил дод.
Ба дунболи он соатҳои 12:14 ва 13:33 пасларза сабт шуд, ки тахминан дар ҳамон маҳдуди ҷуғрофӣ, вале бо қувваи камтар рух дод.
Инак паёмадҳои ин зилзила то кунун:
НОҲИЯИ РАШТ
Бино ба маълумоти пешакӣ бар асари заминларзаи рӯзи гузашта дар деҳаҳои Сафедтундак, Гулханӣ, Кӯл, Аскалони ҷамоати деҳоти Аскалон ва деҳаи Хулаки ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт 40 манзили истиқоматӣ пурра, 5 манзил қисман хароб шудааст. 3 чойхона, 1 иншооти ёрирасони муассисаи таълимӣ (мактаби №56 дар деҳаи Гулханӣ) низ қисаман хароб шудааст. Ҳамчуноне хабар дода будем, дар ин заминларза як писари семола бо номи Абдуғанӣ Машрабов аз деҳаи Ҳиҷборак зери девори афтода монда, аз зарби сахт ҷони худро аз даст дод.
НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
Дар ҳудуди деҳаи Ғанишоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод, тибқи маълумоти пешакӣ 12 хонаҳои истиқоматӣ пурра, 15 хонаи истиқоматӣ қисман вайрон шуд. Ба 38 хона зарари сабук расид, 30 иншооти ёрирасон ва 1 бунгоҳи тиббӣ пурраву қисман зарар дидааст.
Дар деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод 6 хона истиқоматӣ пурра, 8 манзил қисман вайрон шуда, ба 1 хонаи истиқоматӣ, 1 МТМУ зарари сабук расидааст.
Ҳамчунин 10 иншооти ёрирасон пурра хароб гардида, ба 1 чойхона қисман зарар расидаас.
Дар деҳаи Анвар Қаландарови ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ 6 хонаи истиқоматӣ пурра, 12 хонаи истиқоматӣ қисман вайрон шуда, ба 2 хона зарари сабук расид, 20 иншооти ёрирасон пурра, 1 чойхона қисман зарар дидааст.
Дар деҳаҳои Сари чашма, Бӯстон, Кӯликалони ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ 30 хонаи истиқоматӣ пурра, 10 хонаи истиқоматӣ қисман вайрон шуда, ба 20 хона ва ба МТМУ (дар деҳаи Бӯстон) зарари сабук расидааст, 136 иншооти ёрирасон пурра хароб шуда, ба 1 чойхона қисман зарар расидааст.
Дар маҷмуъ дар ноҳияи Тоҷикобод тибқи маълумоти пешакӣ 54 хонаи истиқоматӣ пурра, 45 хонаи истиқоматӣ қисман вайрон шуда, ба 61 хона, 2 МТМУ зарари сабук расидааст.
196 иншооти ёрирасон пурра вайрон шуда, 3 чойхона ва 1 бунгоҳи тиббӣ қисман зарар дидаанд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ба кори худ идома медиҳад. Эҳтимоли тағйир дар омори харобаҳои заминларза вуҷуд дорад.