Имрӯз, 17 апрели соли 2025 дар бинои Китобхонаи миллӣ таҳти сарварии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати, бо ширкати намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор шуд.
Раиси Кумита ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар бораи ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар қаламрави кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, маълумот дод. Ҳаҷм ва навъҳои кумак ба аҳолии осебдида аз ҷониби ҳукумати кишвар ва пурзӯр намудани кор дар ин самт аз ҷониби гурӯҳи РЕАКТ таъкид гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокчиён шарҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва вокуниши шарикон, баррасиву тасдиқи барномаи кории РЕАКТ барои соли 2025 ба ширкаткунандагон ироа шуд. Ҳамчунин иштирокдорони ҷаласа бо пешрафти иҷрои ҷузъи IV ташаббуси “Огоҳии пешакӣ барои ҳама” (EW4All) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Харитаи роҳ барои иҷрои он дар соли 2025 шинос карда шуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ба иштирокчиён оид ба Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии дарпешистодаи татбиқи ташаббуси «Огоҳиҳои пешакӣ барои ҳама» дар Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён афзалиятҳои кори минбаъдаи муштаракро оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш ба онҳо муайян намуданд.