Се заминларза дар як рӯз. Як тифли сесола ба ҳалокат расид. 29 хонаи истиқоматӣ зарар дид

Мувофиқи маълумоти  Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дақиқа дар  ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 160 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6-балл, дар ҳудуди  минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-баллро ташкил додааст.

Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар натиҷаи заминларза дар ҳудуди деҳаҳои Сафедкунда, Гулханӣ, Кӯл, Аскалони ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳия Рашт 17 хонаи истиқоматӣ, 1 бинои муассисаи таълимӣ (мактаби №56 деҳаи Гулханӣ ва дар ҷамоати деҳоти Хиҷборак деҳаи Хулак 1 хонаи истиқоматӣ) дар умум 17 хонаи истиқоматӣ ва 1 муассисаии таълимӣ зарар дида, ноболиғ Машрабов Абдуғанӣ Шарҳиддинович,  соли таваллудаш 2022, истиқоматкунандаи деҳаи Уштурпасти ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак  зери девори хонаи истиқоматӣ монда ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳудуди деҳаҳои Кӯл, Бӯстон ва Анвар Қаландарови ҷамоати деҳоти Лангари-Шоҳ ва деҳаи Ғанишоби ҷамоати деҳоти  Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод, тибқи маълумоти пешакӣ ба 12 хонаи истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон зарар дар ин зилзила зарар дид.

Соати  12:14 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин зилзила дар ин рӯз ба қайд гирифта шуд. Маркази он 163 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 29 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ҳудуди  минтақаи Рашт 2-3 баллро ташкил дод.

Сокинони пойтахти кишвар заминларзаи дуюмро эҳсос накарданд.

Соати 13:33 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сеюмин зилзила дар ин рӯз сабт шуд. Маркази заминларза 158 километр шимолу-шарқи аз шаҳри Душанбе, 24 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 3 балл, дар ҳудуди  минтақаи Рашт 2 баллро ташкил дод.

Дар шаҳри Душанбе эҳсос нашуд.

Як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ҷойи ҳоди қарор дорад ва аз мавзеъҳои харобидида дидан мекунад.

Гузориши иловагӣ нашр хоҳад шуд.

барчасп: