Ҳалокати ду кӯдак дар обҳои кишвар. Сабаб: беназоратии волидон

30 майи соли 2024соати 10:00 як сокини 4-солаи деҳаи Анҷири ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода аз беназоратии падару модар дар рӯди Гулхас ғарқ шуд.

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади ин кӯдак 1 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса, дар қаламрави деҳаи Каронӣ пайдо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои...

Ширкати Раиси КҲФ дар мулоқоти «Осиёи Марказӣ – Чин»

30 майи соли 2024 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи аввалини роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи «Осиёи Марказӣ-Чин» оғоз шуд. Дар кори он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода иштирок дорад.
Дар ҷаласа Сарвари КҲФ суханронӣ кард ва...

Замимаи мобилии «SOS” дар мактабҳои олӣ рӯнамоӣ шуд

29 майи соли 2024 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олии шаҳри Душанбе мулоқот карданд ва онҳоро бо замимаи мобилии барномаи «SOS” шинос намуданд. Ба онҳо дар бораи роҳу шеваҳои пайваст шудан ба барномаро амалан нишон доданд. Ин замимаи мообилӣ барои ҳамаи касонест,

Давраи омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони ҷавон дар Қаратоғ оғоз шуд

Дар Маркази миллии омӯзишии омодасозии наҷотдиҳандагон воқеъ дар Қаратоғ 10 нафар имдодгарони ҷавони КҲФ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Қарор аст то 8-уми июни соли 2024 ба наҷотдиҳандагон бо истифода аз як қатор таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ ва таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ усулҳои наҷоти фаврӣ

Сел ва боди шадид дар Восеъ

28 майи соли 2024 наздик ба соати 13:30 дақиқа дар ҳудуди деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба асари боронҳои шадид сел омад. Дар натиҷа 15 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд.

Шамоли сахт дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистон ба сокинон зарар расонд. Аз ҷумла аз боми 5 хонаи истиқматӣ 62 шиферро боди шадид ба зер афканд, ҳамчунин симчӯби

Страницы