30 майи соли 2024соати 10:00 як сокини 4-солаи деҳаи Анҷири ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода аз беназоратии падару модар дар рӯди Гулхас ғарқ шуд.
Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади ин кӯдак 1 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса, дар қаламрави деҳаи Каронӣ пайдо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як духтари 6-солаи деҳаи ба номи Муродови ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров рӯзи 26 май ҳангоме, ки дар меҳмонии хешовандон буд, дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуд. Сабаб боз ҳамон беназоративу танҳо гузоштани ин ноболиғ буд.
Ҷасади ӯро рӯзи 29 май тахминан соати 17:00 поинтар аз мкони ҳодиса пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро танҳо нагузоранд. Бахусус беназоратӣ дар соҳили обҳо ҳамеша муҷиби ҳодисаҳои нохуш мешавад.