Сел ва боди шадид дар Восеъ

28 майи соли 2024 наздик ба соати 13:30 дақиқа дар ҳудуди деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба асари боронҳои шадид сел омад. Дар натиҷа 15 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд.

Шамоли сахт дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистон ба сокинон зарар расонд. Аз ҷумла аз боми 5 хонаи истиқматӣ 62 шиферро боди шадид ба зер афканд, ҳамчунин симчӯби интиқоли қувваи барқро ҳам хароб кард.

Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда кор мекнуад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян месозад.

Бар асари ин офатҳои талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: