Барои ташкил намудани фаъолият ва рушди низоми пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш дар обҳои кишвар дар мавсими оббзиву шиноварӣ кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо имом-хатибон ва намозгузорои масҷидҳои ҷомеи шаҳри Бохтар мулоқот карданд.
Дар ин дидору вохӯриҳо масъалаҳои қоидаҳои рафтори бехатар дар иншооти обӣ мавриди суҳбат қарор гирифт. Кормандои Раёсати КҲФ дар Хатлон аз имом-хатибон хоҳиш карданд, ки онҳо низ дар суҳбатҳояшон бо сокинон дар бораи беназорат гузоштани фарзандон ва паёмадҳои он гуфтугӯ кунанд ва аз волидон талаб кунанд, ки вазифаҳои падариву модарии худро баҷо оранд ва барои таъмини амнияту бехатарии фарзандонашон ғамхорӣ намоянд.
Ин гуна мулоқотҳо, ки қарор аст бо ҳама қишрҳои аҳолӣ доир гардад, дар ҳоле баргузор мешавад, ки беш аз ҳар вақти дигар аз беназоратии волидон кӯдакону наврасон дар обҳо ғарқ ва ба ҳалокат мерасанд.
Дар поёни мулоқот ба ҳозирин китобчаву варақаҳои таблиғотии рафтори бехатар дар соҳили обҳо тақсим карда шуд.