Гармтарин рӯзҳои Қутби Ҷануб: Нигарониҳо аз об шудани яхҳои табиӣ, ки боиси обхезиҳо мешавад
Чоп шуд: 17/02/2020 | admin![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/ping.jpg?itok=EknlbE4N)
Бино ба гузориши ҳавошиносони Бразилия дамои ҳаво дар Қутби Ҷануб аввалин бор дар таърихи ин чанд садсола бори аввал аз 20 дараҷа боло рафт. Ҳатто гуфта мешавад, ки таърихи Антарктида ин гармиро аслан ёд надоштааст. Карлос Шеффер-олими бразилӣ гуфтааст, ки ин дараҷаи ҳарорат марбут ба 9-уми феврал аст ва ҳаргиз бахше аз таҳқиқоти дарозмуддат нест.