Бино ба маълумоти Агнетии ҳавошиносии кишвар то 13 феврали соли 2020 дар қисмати бештари минтақаҳои кӯҳии мамлакат барф меборад ва дар аксар маврид ин борандагиҳои шадид сабабгори лағзиши тарма ва резиши санг мешавад.
Дар натиҷаи бориши пуршиддати барфу борон дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Рашт – Лахш, Душанбе – Чаноқ, Шамсиддини Шоҳин – Ванҷ, Хоруғ – Ишкошим ҳаракати мошинҳо метавонад ба мушкил рӯ ба рӯ шавад.
Чунончӣ, дар шабонарӯзи гузашта дар километрҳои 47 – 100 роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ҳамчунин 3 ва 4 километраи роҳи Лабиҷар-Сангвор лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Барои тоза кардани роҳ аз тарма хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Innovative Road Solutions (IRS) техникаи махсус ҷудо карданд. Дар айни замон роҳҳо пурра тоза ва равуои мошинҳо аз сар гирифта шудааст.
Барои таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон дар роҳҳои зимистона ва расонидани кумаки фаврӣ кормандони наҷоти Кумита ва ширкати IRS 53 ронанда ва мусофирони мошинҳои онҳоро, ки дар иҳотаи барф монда буданд, ба ҷойи амн интиқол ва онҳоро бо ғизои гарм ва ҷойи хоб таъмин намуданд.
КҲФ а шаҳрвандон хоҳиш мекнунад дар ин гуна рӯзҳои пурбориш аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ, анҷоми корҳои саҳро, шикор, чаронидани чорво худдорӣ кунанд!