Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковник Исозода Сулаймон – мегӯяд ин Раёсат ҷашни Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китобро таҷлил кард ва барои ғанӣ гардонидани бойгонии китобхонаи раёсат 55 адад китоби нав ворид сохт.
Бино ба гуфтаи полковник Исозода С. ҳоло китобхонаи Раёсат дорои 654 адад китоб мебошад ва ба китобхона ҳар рӯз кормандон вақти холии худро ба мутолиаи китоб мегузаронанд. Мавсуф гуфтааст, ки дар рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб зумрае аз кормандони Раёсат ба китобхона китоб туҳфа карданд, то номгӯи китобҳои он афзоиш ёбад.
Маврид ба таъкид аст, ки ҳамасола 14 февралро ҷомеаи ҷаҳони чун рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, (International Book Giving Day) таҷлил мекунанд. Таҷлили ин ҷашн аз соли 2012-ум оғоз мешавад. Ба андешаи китобшиносон, Рӯзи ҳадяи китоб - иде, ки на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гашт, балки ба он хотирест, ки ин ид пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Пешниҳодкунандаи он як зани одии амрикоӣ – Эмми Бродмур ба шумор меравад. Ин рӯзро дар Тоҷикистон – низ бо шакли хос ҷашн мегиранд. Чунончӣ, имрӯз шуъбаи кӯдакон ва наврасони ин боргоҳи маърифат ба атфоли толори хониши худ китоб ҳадя кард.
Мавриди зикр аст, ки ҳадяи китоб ба китобхонаҳо таърихи қадима дорад ва миллати соҳибфарҳанги мо дар тӯли ҳазорсолаҳо дар минтақаҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон китобхонаҳои азим бунёд менамуданд ва аз он на танҳо аҳли адабу мансаб, балки фақирону аҳли ҷомеаи он замона низ метавонистанд истифода намоянд.
Гадобег Маҳмудов, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мегӯяд “Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб” тақозои вақт аст ва ба ҳукми анъана даромадани он ба ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ пайомади нек дорад ва дар қабул кардани падидаҳои фарҳангӣ ҷомеаи мо – тоҷикон низ истисно нест. Ин рӯз – яке аз идҳои ҷавон дар тақвим, ки ҳамагӣ ҳафт сол дорад, новобаста ба ҷавониаш аллакай дар аксари кишварҳои ҷаҳон он маъмул гаштааст. Ин рӯз онҳоеро мутаҳҳид менамояд, ки китобдӯстанд ва ба роҳи ҳадяи намудани китоб имконият ба дигарон барои хондан медиҳанд.
“Ман фикр мекунам, ин рӯзро дар саросари кишвар бо ширкати Иттифоқи нависандагон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва табъу нашр боҳашамат ҷашн гирифта, аксияҳои ҳадяи китоб, озмунҳо ва чорабиниҳо баргузор намоем. Ва ба ин восита ҳарчӣ бештар кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба китобхонӣ ва оммавигардонии мутолиаи китоб омода намоем. Ва ман бовари дорам, ки дар Тоҷикистони азизи мо “Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб” оммавӣ хоҳад гашт”,- гуфт ӯ.
Соли гузашта Тоҷикистон аввалин озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”-ро баргузор кард ва бо Амри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ он баргузор мешавад.
Ҳадяи китоб низ тадриҷан ба ҷомеаи мо анъана мешавад. Тибқи як Амри дигари Пешвои миллат ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз номи Президенти кишвар ба ҳар оила китоби маъруфи “Тоҷикон” тақдим хоҳад шуд.