Бино ба гузориши ҳавошиносони Бразилия дамои ҳаво дар Қутби Ҷануб аввалин бор дар таърихи ин чанд садсола бори аввал аз 20 дараҷа боло рафт. Ҳатто гуфта мешавад, ки таърихи Антарктида ин гармиро аслан ёд надоштааст. Карлос Шеффер-олими бразилӣ гуфтааст, ки ин дараҷаи ҳарорат марбут ба 9-уми феврал аст ва ҳаргиз бахше аз таҳқиқоти дарозмуддат нест. Ҳафтаи гузашта дамои ҳаво дар ин қисмат аз кураи Замин 18, 3 дараҷа гузориш шуда буд.
Зарфи 12 соли ахир майдони пиряхҳо ба шиддат коҳиш ёфтааст ва як сабаби аслии он тағйири иқлими олам аст. Дар таърихи Қутби Ҷануб (Антарктида) моҳи январи соли равон гармтарин моҳ тӯли солҳои назорати ҳавошиносӣ дар минтақа будааст.
Карлос Шеффер дар бахши дигар аз суҳбаташ бо хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки “ин фақат як сигнал аст, ки нишот медиҳад иттифоқоти мутафовуте дар ин минтақа рух медиҳад”.
Бино ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии ҳавошиносии СММ дамои ҳаво дар Қутби Ҷануб дар беш аз панҷоҳ соли гузашта тақрибан се дараҷа афзоиш ёфта ва дар ҳудуди 87 дарсад яхҳои табиӣ дар имтидоди соҳилҳои ғарбии он пас рафтаанд”. Дар бахши дигари гузориши ин созмон омадааст, ки дар 12 соли охир бар асари гармои сартосарӣ яхҳои табиӣ аз соҳилҳо дур шудаанд.
Донишмандон ахиран ҳушдор дода буданд, ки гармои шадид сабаби обшавии яхҳои табиӣ дар Қутби Ҷануб шуда, дар ниҳоят ба то 3 метр боло омадани сатҳи оби дарёҳо дар қарнҳои оянда мешавад.
Бино ба гузориши дигар об шудани яхҳои минтақа бар асари гармои умумиҷаҳонӣ метавонад сатҳи оби дарёҳо ву уқёнусҳоро 50-60 метр баланд кунад. Вале ин як раванди тӯлонӣ буда, муддати асрҳо ба вуҷуд меояд.