Бар асоси Қарори Раиси Ҳукумати ВМКБ “Дар бораи тасдиқи нақшаҳои асосии мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, эътино, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2020” ва Нақшаи кории Раёсати КҲФ дар вилоят дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи кории комиссияи интиқол гузаронида шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои амал ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода, нақшаи интиқоли одамон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ барарсӣ шуд. Ширкаткунандагон бо маҳалҳои интиқоли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ шинос карда шуданд.
Кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ ба ҷамъомадагон ахбор дар бораи густариши вируси короно пешниҳод карданд ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз сироят ба онро нишон доданд. Ҳамчунин аз ҳозирон даъват намуданд, ки дар маҳалҳо ва ҷойҳои кории худ таблиғоти ҳифзи эминӣ аз ин бемориро вусъат диҳанд.