Бориши шадиди борону барф дар навоҳии кӯҳии кишвар ва ҳамзамон гармшавии ҳаво сабабгори лағзиши тарма ва резиши санг шуд. Вазъ дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Рашт - Лахш, Душанбе - Чаноқ, Шамсиддин Шоҳин - Ванҷ, Хоруғ – Ишкошим басо хатарнок шудааст.
Чунончӣ, шабонарӯзи гузашта аз километри 54 то 84 роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ 17 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Ҳамин ҳол дар роҳи Нуробод – Сангвор низ ба мушоҳида расид.
Барои тоза кардани роҳҳо аз тарма ва санг хадамоти роҳи Вазорати нақлияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Innovative Road Solutions (IRS) техникаи махсуси бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷудо карданд. Дар айни замон роҳи Нуробод – Сангвор пок шуда ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст.
Ҳамчунин, корҳо барои поккории роҳи Душанбе – Хуҷанд идома доранд ва лаҳзае пеш ширкати IRS дар саҳифаи худ дар Фейсбук иттило дод, ки роҳ пурра тоза шуда ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст.
Барои таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон дар роҳҳои зимистона ва расонидани кумаки фаврӣ кормандони наҷоти Кумита шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки хатари офатҳо коҳиш ёбанд ва сари вақт барои имдод ба мошинҳои дармондаву одамони дар иҳотаи тарма монда ҳозир шаванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон ва умуман сокинони кишвар бо эҳтиром хоҳиш менамояд дар чунин рӯзҳои пурхатар ва тармахез аз сафарҳои безарурат аз тариқи ноҳияҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ҳолатҳои фавқулода ва ё рӯйдоди нохӯши дигар шумо метавонед аз тариқи телефонҳои Қисми навбатдории КҲФ: 112, 93 880 28 19 ва ё 223 13 11 муроҷиаи намоед.