Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба вирус номи нав дод. Теъдоди ҳалокшудагон дар Чин ба 1112 нафар ва сироятёфтагон дар кулли кишварҳои олам ба 44 ҳазору 794 расид. Дар Тоҷикистон 940 нафар дар бемористонҳо барои ташхис бистарӣ шудаанд. Инҳо ҳама афроде мебошанд, ки зарфи чанд рӯзи охир аз гӯшаву канори Чин вориди кишвар шудаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки то кунун ҳеч нишоне аз сирояти ин вирус дар кишвар кашф нашудааст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаҳо ва истироҳатгоҳҳои кишвар 940 нафар, аз ҷумла 102 зан, ки аз вилоятҳои мухталифи Чин ба Тоҷикистон омадаанд, дар карантин ба сар мебаранд. Аз ин теъдод 62 нафари онҳо шаҳрвандони Чин мебошанд.
То ба имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи сироят ба ин вирус чӣ дар байни шаҳрвандони кишвар ва чӣ шаҳрвандони Чин, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ба қайд гирифта нашудааст.
То 12 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе 406 нафар дар карантинанд;
дар вилояти Суғд - 227 нафар;
дар вилояти Хатлон - 52 нафар;
дар ВМКБ - 29 нафар;
дар шаҳри Ҳисор - 84 нафар (аз ҷумла 6 нафар шаҳрвандони ҶМЧ).
Дар лагери бачагонаи “Барқчиён” 70 нафар, ки 11 нафари онҳо шаҳрвандони Чин мебошанд, низ дар карантин қарор доранд.
Дар шаҳри Турсунзода 9 ва дар осоишгоҳи “Харангон” 63 нафар (5 тани онҳо занон) дар ҳоли ташхис мебошанд.
Касоне, ки дар карантин ҳастанд, зери назорати шадиди духтурон қарор доранд ва ҳамаи онҳо бо ашёи лозим, аз ҷумла бо ғизои гарм таъминанд.
Ҳамаи ин чораву тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси короно ва таъмини амнияти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар андешида шудааст.
Вазъ дар саросари олам
11 феврали соли 2020 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои ин беморӣ номи нави расмӣ интихоб кардааст – короно 19 (COVID-19), ки ишора дорад ба “короно”, “вирус”, “беморӣ” ва соли 2019, ки соли кашфи он аст. То кунун ин беморӣ бо номи илмии 2019-nCoV ёд мешуд.
Бино ба маълумоти расмие, ки мақомот дар Чин расонаӣ карданд, то субҳи рӯзи 12 феврали соли равон шумори фавтидагон аз вируси короно ба 1112 нафар расид. Аз ҷумла дар маркази густариши ин беморӣ вилояти Ҳубей шумори ҳалокшудагон 1068 нафар эълон гардид. То кунун 44 ҳазору 794 нафар (дар Чин 44330) чун сироятшудагон ба ин вирус сабти ном шудаанд.
Вазъи густариши вируси 2019-nCoV дар олам. Омори 12.02.2020
Кишварҳо |
Сироятшудагон |
Фавтидагон |
Шифоёфтагон |
---|---|---|---|
Чин |
44330 |
1112 |
4657 |
Ҷопон |
161 |
4 |
|
Сингапур |
45 |
2 |
|
Ҳонконг |
42 |
1 |
|
Таиланд |
32 |
10 |
|
Ҷумҳурии Корея |
28 |
3 |
|
Тайван |
18 |
1 |
|
Малайзия |
18 |
1 |
|
Ветнам |
15 |
3 |
|
Австралия |
15 |
5 |
|
Олмон |
14 |
||
ИМА |
13 |
1 |
|
Фаронса |
11 |
||
Макао |
10 |
1 |
|
Британияи Кабир |
8 |
||
Иморати Муттаҳидаи Араб |
8 |
1 |
|
Канада |
7 |
2 |
|
Ҳинд |
3 |
||
Филиппин |
3 |
1 |
|
Русия |
2 |
||
Испания |
2 |
||
Белгия |
1 |
||
Кампучи |
1 |
||
Непал |
1 |
||
Финляндия |
1 |
||
Шветсия |
1 |
||
Шри-Ланка |
1 |
1 |
|
Ҳамагӣ |
43102 |
1018 |
3316 |
Маврид ба ёдоварист, ки шумори сироятёфтагон ба вируси короно 2019-nCoV дар киштии тафреҳии Diamond Princess-и Ҷопон, ки дар соҳилҳои ин кишвар дар карантин мебошад, 39 нафар афзоиш ёфта, ба 174 нафар расидааст. Ҳоло дар ин киштии 3700 нафар мусофирон ва сарнишинони он интизори иҷозаи хуруҷанд. Ниме аз ин афрод шаҳрвандони Ҷопон ва боқӣ аз 56 кишвари олам, аз ҷумла 24 тани онҳо шаҳрвандони Русия мебошанд.