Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки ҳоло дар бораи поёни эпидемияи коронои чинӣ ҳарф задан бармаҳал аст. Рӯзи чаҳоршанбе аз сироятшудагон ва ин вирус 242 нафар фавтиданд, ки аз замони ошкор шудан то кунун баландтарин омори марги афрод аст. Ҳамчунин шумори нав сироятшудагон дирӯз 14 ҳазору 840 будааст, ки ин низ бино ба таҳлили коршиносон ҷаҳиши бузурге дар эпидемияи COVID-19 мебошад.
Дар Тоҷикистон
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон то 13 феврали соли равон дар беморхонаҳо ва фароғатгоҳҳои кишвар 967 дар карантин мебошанд, ки 102 нафари онҳо занонанд. Ҳамаи ин афрод аз вилоятҳои мухталифи Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон омадаанд. 62 нафари онҳо шаҳрвандони Чин мебошанд. Ҳадафи аслии карантин таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирӣ аз пайдо шудани вируси короно дар мамлакат мебошад.
Дар ҳамин итибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷие, ки хешовандонашон муваққатан дар беморхонаҳои кишвар бистарианд муроҷиат мекунад, ки ба ин иқдом бо дарки масъулият муносибат кунанд ва сабру таҳаммулро пеша намоянд.
То ба имрӯз миёни шаҳрвандони кишвар ва омадагон аз Ҷумҳурии мардумии Чин ягон нафар мубтало ба вируси корон ба қайд гирифта нашудааст.
Вазъ дар олам
Рӯзҳои 11 ва 12-уми феврали соли 2020 дар шаҳри Женева форуми умумиҷаҳонии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) баргузор гардид, ки дар он беш аз 400 нафар олимон ширкат намуданд. Дар рафти ин форум роҳу шеваҳои мубориза бо короновируси чинии COVID-19, таҳияи дору ва воксан мавриди баҳсу барарсӣ қарор гирифт. Табибон ва генетикҳо ҳамчунин ҷанбаҳои афзалиятноки таҳқиқотро муайян карданд.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта аз бемористонҳо 802 нафар ҷавоб дода шуданд. 33 ҳазору 693 нафар ҳамоно ба табобат фаро гиифта шудаанд, ки ҳолати 5647 нафари онҳо вахим арзёбӣ шудааст.
То субҳи рӯзи 13-уми феврали соли 2020 48 ҳазору 206 ҳодисаи сироят ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Рӯзи чоршанбе дар вилояти Ҳубей 242 нафар бар асари сирояти короно фавтиданд. Мақомоти расмии Чин гуфтаанд, ки ин маргбортарин рӯз аз замони ифшои вируси короно то кунун будааст. Дар шабонарӯзи гузашта 14 ҳазору 840 нафар нав сироятёфтагон ба қайд гирифта шуданд, ки ин оморро таҳлилгарон ҷаҳиши бузург дар сирояти вируси маргбор хондаанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи худ иброз дошт, ки ҳанӯз аз поёни эпидемияи короно сухан рондан бармаҳал аст. Директори генералии СҶТ Тедрос Гебреисус ҳамчунин хабар дод, ки ҳоло олимон рӯйи чаҳор воксини гуногун кор мекунанд ва аз натиҷаи он хабар дода хоҳад шуд. То кунун бар асари ин беморӣ дар олам беш аз 1350 нафар фавтидаанд, ки аксари онҳо дар Чин мебошанд.
Баъзе манбаъҳо теъдоди сироятёфтагонро болотар аз 60 ҳазор нафар гуфтаанд.
Рӯзи гузашта аввалин бемори сироятшуда ба коронои чинӣ дар Лондон ба қайд гирифта шуд. Ӯ зане будааст, ки ба тозагӣ аз Чин баргаштааст.
Шумори сироятшудагон ва фавтидагон аз COVID-19 бино ба омори расмӣ дар субҳи рӯзи 13 феврали соли 2020 чунин буд:
Кишварҳо |
Сироятшудагон |
Фавтидагон |
Шифоёфтагон |
Чин |
47034 |
1201 |
5459 |
Ҷопон |
203 |
|
9 |
Сингапур |
50 |
|
9 |
Ҳонконг |
50 |
1 |
1 |
Таиланд |
33 |
|
18 |
Ҷумҳурии Корея |
28 |
|
7 |
Тайван |
18 |
|
1 |
Майлайзия |
18 |
|
3 |
Ветнам |
15 |
|
3 |
Австралия |
15 |
|
5 |
Олмон |
16 |
|
|
ИМА |
13 |
|
3 |
Фаронса |
11 |
|
|
Макао |
10 |
|
1 |
Британияи Кабир |
9 |
|
|
Иморати Муттаҳидаи Араб |
8 |
|
1 |
Канада |
7 |
|
2 |
Ҳинд |
3 |
|
|
Филиппин |
3 |
1 |
1 |
Русия |
2 |
|
2 |
Испания |
2 |
|
|
Белгия |
1 |
|
|
Кампучӣ |
1 |
|
1 |
Непал |
1 |
|
1 |
Финландия |
1 |
|
1 |
Шветсия |
1 |
|
|
Шри-Ланко |
1 |
|
1 |
Ҳамагӣ |
48076 |
1203 |
5494 |