Илоҷи воқеъа қабл аз вуқӯъ

Баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар фасли сармо дар вилояти Суғд як қатор корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд. Чунин як чорабинии мухталиф аз тарафи кормандони бахши Раёсати вилоят дар ноҳияи Шаҳристон бо ҷалби донишҷўёни Литсейи касбӣ-саноатии кишоварзии ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.

Бо ибтикори сардори бахши Раёсати вилоят дар ноҳияи Шаҳристон майор Хуршед Муродов, дар ҳамкорӣ бо шўъбаи маорифи ноҳия баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш, паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ҷоннок намудани машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ, баланд бардоштани донишҳои хонандагон дар самти мудофиаи гражданӣ ва амал ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва миёнаи махсуси ноҳия бо ҷалби кормандони шўъбаи маориф ва донишҷўёни Литсейи касбӣ-саноатии кишоварзии ноҳияи Шаҳристон вохўрӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохўрӣ майор Хуршед Муродов ба иштирокдорон ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ҳудуди ноҳия бештар ба қайд гирифта мешаванд, ҳамзамон оид ба ҳолатҳои фавқулоддае, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия ба амал омаданд, маълумот дода,  аз ҳозирин даъват  ба амал овард, ки корҳои таблиғӣ ҷиҳати боло бурдани дониши донишҷўён дар самти асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаро баланд бардоранд. Барои ин пешниҳод кард, ки аз аёниятҳо, китобчаҳои маълумотӣ, видеороикҳо истифода баранд.

Ба хонандагон фаҳмонанд, ки ҳангоми сар задани ин ё он намуди офати батӣ ва ё ҳолати фавқулода чӣ бояд кунанд. Ҳамчунин тамринҳо ва машқҳо дар мавзўъҳои «Амал ҳангоми сар задани заминларза, омадани сел, вукӯъи сӯхтор», инчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода бурдани таҷҳизотҳои газию барқӣ, оташдонҳо, тафдонҳои гармидиҳии оташӣ, заҳролудшавӣ аз гази карбонат (аҳолӣ дар ноҳия бештар аз ангиштсанг ва оташдонҳо истифода мебаранд) диққати ҳамагонро ҷалб созанд. 

Дар идома иброз дошт, ки пешгирии ҳолатҳои фавқулодда беҳтар аз бартарафсозии он, аз ин лиҳоз мо бояд якҷоя амал намуда, чорабиниҳои пешгирикунанда ҳашарҳои дастаҷамъона ба монанди тоза намудани селроҳаҳо, каналу ҷўйборҳо аз партову сангу шағал фаъолона ширкат варзем.

Баъдан Абдурашидов Абдувалӣ - мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва З. Ҳоҷимуродов муовини директори литсейи мазкур зими суханронӣ ба роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳандозии ин гуна ҷаласаву тадбирҳои ҳушдордиҳанда миёни аҳолӣ изҳори сипос карданд ва аз ҳозирон даъват намуданд, ки баҳри таъмини бехатарӣ бояд ҳамеша тибқи дастурҳо амал намоянд ва дастаҷаъона барои коҳиши хатари офатҳо кор кунанд. 

   

Ш.Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат,

лейтенант                

барчасп: