декабря 2019

Сардори Марказ подполковник Абдураҳимов Илҳом Нобоварович

Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Нуқтаи идоракунии ҷумҳуриявии мудофиаи гражданӣ ташкил шуда, соли 1993 ҳамчун марказ, баъдан раёсат ва Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва соли 2005 ба Маркази ҷумҳуриявии идораи мудофиаи граждании Кумита табдил дода шуд.

Сардори Раёсати тиббӣ полковники х/т Шарипов Саъдулло Раҳматуллоевич

Раёсати тиббӣ ҳамчун воҳиди асосии назоратии Кумита, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи тандурустӣ, ташкил ва гузаронидани чорабинихо оид ба ҳифзи саломатии ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омузиши сабабҳо ва шароитҳои пайдошавию инкишофи беморӣ, осеббардорӣ ва таҳияи чорабиниҳоро доир ба пешгирии онҳо, ба роҳ мемонанд.

Сардори Раёсат полковник Ғафурзода Аҳлиддин Саидмурод

Раёсати молия ва иқтисоди Кумита яке аз раёсатҳои асосии Кумита ба шумор рафта, низоми ягонаи молиявии давлатиро дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, хароҷоти маблағгузорӣ ва идоракунии молу мулки давлатиро дар Кумита амалӣ месозад. Аз рӯзи ташкилшавии Кумита шуъбаи молия ва тафтишот таъсис дода шуда, соли 1997 ба Раёсати молия  ва тафтишот тағйири ном кардааст.

Сардори Раёсат подполковник Раҳимзода Аъзам Имониддин

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999, №479 шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамчун як ҷузъи сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Сардори Раёсат полковник Аҳмадзода Музаффар Баҳром

Тибқи қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400  дар сохтори Дастгоҳи Марказии Куми­та,  Шуъбаи кадрҳо ташкил гардид.

Соли 1999 шуъба ба Раёсати кадрҳо ва кор бор ҳайати шахсӣ дар ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Сардори Раёсат подполковник Фарзони Иброҳими Собир

Аз соли 1994 баъд аз таъсис ёфтани Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо оид ба сохтмон ба зиммаи шуъбаи муҳандисию техникии Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд вогузор гардида буд.

Сардори Раёсати қӯшунҳо подполковник Давлатзода Саидҷон Давлат

Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ аз қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, ки дар вазорату идораҳо, ташкилотҳо, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, иборат мебошанд.

Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Камолзода Ҷамшед Ҷамол, номзади илмҳои техникӣ

Тибқи қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400  дар сохтори Дастгоҳи марказии Куми­та,  Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ташкил гардид.

Сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ полковник Вализода Хуршед Вали

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 Раёсати оперативӣ ва банақшагирӣ ба Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон табдил дода шуд.

Сарраёсати мудофиаи гражданӣ аз  ду раёсат: Раёсати ташкилию оперативӣ  ва Раёсати ташкилию сафарбарӣ иборат мебошад.

Роҳбари Дастгоҳи Раис полковник Ташрифӣ Алишер Хоҷа

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2017, №547 “Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Раёсати корҳо ва нашрия"-и Кумита ба Дастгоҳи Раиси Кумита табдил дода шуд.

Рӯзе, ки гузашт: Марги сокини 22-солаи пойтахт бар асари садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи 20-уми дкабри соли 2019, субҳи бармаҳал (соати 05:50 дақиқа) дар километри 162-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, минтақаи сарҳадии №15-и қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон автомашинаи тамғаи «ДУЛАН» рақами қайди давлатиаш 392 ХВ 07 TJ, ки аз Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд

Киҳо метавонанд курсант ва наҷотдиҳандаи ояндаи идораи наҷоти кишвар бошанд?

Посухи аввал: Ҳар як шаҳрванди ҷинси марди аз 17 то 24 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки забони русиро медонад, ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмуни интихоб ба Академияи муҳофизати граждании ВҲФ Федератсияи Русия ва Донишкадаи фармондеҳӣ ва муҳандисии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Беларус пешниҳод кунад. Бо дарёфт кардани малака ва дониш онҳо бо ҷойи кор

Страницы