Рӯзе, ки гузашт: Марги сокини 22-солаи пойтахт бар асари садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи 20-уми дкабри соли 2019, субҳи бармаҳал (соати 05:50 дақиқа) дар километри 162-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, минтақаи сарҳадии 15-и қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон автомашинаи тамғаи «ДУЛАН» рақами қайди давлатиаш 392 ХВ 07 TJ, ки аз Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, чаппа шуд. Мошини мазкур аз ҷониби сокини 62-солаи деҳаи Лойобаи ноҳияи Рашт идора мешуд.

Дар хабар омадааст, ки ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва он дар канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷаи садама, мусофири автомашина сокини 22-солаи шаҳри Душанбе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронада дар бемористон ноҳияи Шаҳристон бистарӣ шудаву духтурон ҳоли ӯро хуб арзёбӣ кардаанд.

Шаби гузашта  истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Сомонӣ 79/3,   Файзуллоева Ҳумаё Сафаровна ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки таҳхонаи бинои зикршуда пур аз об шудааст ва биноро хатар таҳдид мекунад.

 Баъди дарёфти хабар соати 18:21 дақиқа дастаи зудамали наҷоти шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 20:13 дақиқа оби таҳхонаи биноро ба воситаи таҷҳизотҳои обкашӣ кашиданд ва таҳхона пурра аз об тоза ва хавф бартараф гардид. 

барчасп: