Киҳо метавонанд курсант ва наҷотдиҳандаи ояндаи идораи наҷоти кишвар бошанд?

Посухи аввал: Ҳар як шаҳрванди ҷинси марди аз 17 то 24 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки забони русиро медонад, ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмуни интихоб ба Академияи муҳофизати граждании ВҲФ Федератсияи Русия ва Донишкадаи фармондеҳӣ ва муҳандисии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Беларус пешниҳод кунад. Бо дарёфт кардани малака ва дониш онҳо бо ҷойи кор таъмин мешаванд ва метавонанд ба одамони ниёзманд кӯмак расонанд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда ҳангоми офатҳои табиӣ, садамаҳо, таркишҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ба кумак мерасанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки ҳаёти худро ҳамеша дар хатар мегузоранд, то мардумонро наҷот диҳанд.  Наҷотдиҳанда касбест пурифтихор ва имрӯз бо назардошти афзоиши  офатҳо зарур асту  серталаб.

 Иҷрои самараноки вазифаҳо дар идораи наҷот дар навбати аввал аз сатҳи таълим, тарбия, интихоби дуруст ва ҷобоҷосозии кадрҳо вобаста аст. Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиш, омодасозӣ, такмили ихтисоси ҳайати шахсӣ ҳам дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методӣ ва ҳам берун аз кишвар диққати махсус медиҳад.

Бар асоси Созишномаи имзошуда миёни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ сар аз соли 2017 тибқи квотаи ҷудошуда аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ҷалби курсантҳо ба Академияи муҳофизати граждании ВҲФ Федератсияи Русия дар самти омодагии “Бехатарии техносферӣ” (бо мушаххасоти “Ҳимоя дар ҳолатҳои фавқулода”) роҳандозӣ мешавад. 

Интихоби номзадҳо дар асоси озмун ва аз рӯи натиҷаҳои имтиҳонҳо аз таърихи Русия (шифоҳӣ) ва забони русӣ (хаттӣ), инчунин суҳбат оид ба фанҳои математика ва химия  сурат мегирад. То имрӯз дар ин Академия 20 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун курсант таҳсил мекунанд.

Курсантҳое, ки Академияи мазурро хатм мекунанд, дар Дастгоҳи Марказии Кумита ва воҳидҳои сохтории он ба кор қабул карда мешаванд ва дар кори пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҳиссаи шоистаи худро мегузоранд.

Ғайр аз ин, бо мақсади тайёр кардани кадрҳои звенои ибтидоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиш дар “Донишкадаи фармондеҳӣ ва муҳандисӣ» -и Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус квота муайян кардааст.

То имрӯз 17 нафар ба Донишкадаи фармондеҳӣ ва муҳандисии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Беларус фиристода шуда буданд, ки ҳамаи онҳо онро бо муваффақият хатм карданд. Ҳамаи онҳо ба вазифаҳои гуногун дар Кумита ва бахшҳои сохтории он таъин карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки дар ин ду мактаби олии махсус барои таҳсил тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Баъди қабул барои донишомӯзон ин шароитҳо фароҳам оварда мешаванд:

  • - бо хобгоҳи ройгон таъмин мешаванд;
  • - ба донишҷӯён дар давоми тамоми давраи таҳсил тибқи тартиб ва андозаи муқарраркардаи қонунгузории Федератсияи Русия стипендияи давлатӣ пардохт карда мешавад;
  • - 4 сол таҳсил, бо тахассуси "бакалавр". Таълими рӯзона. Ба донишомӯзон устодони муваффақ ва мутахассисони баландихтисос дарс медиҳанд.

Ҳар як шаҳрванди ҷинси марди аз 17 то 24 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки забони русиро медонад, ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмуни интихоб пешниҳод кунад. Бо дарёфт кардани малака ва дониш онҳо метавонанд ба одамони ниёзманд кӯмак расонанд.

Магар болотар аз ин вазифаи азизтар ва шарафмандтар ҳаст?

барчасп: