Фоҷеа дар Рӯшон. Ду нафар ғарқ шуданд: яке 14 сол дошту аз деҳаи Вамар ва дуюмӣ 12-сола меҳмон аз Хуҷанд

Ҳолатҳое мешаванд, ки бачаҳо аз шавқи бозӣ ва саргармӣ худ ба ногаҳ по ба фоҷеа мениҳанд. Бахусус ин шабу рӯзҳои гарм, ки аксаран соҳили обҳоро мавзеъи тафреҳу истироҳат қарор медиҳанд, хатарҳо зиёданд.

4 июли соли равон соати 17:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ бачаҳои маҳаллӣ чун одати ҳамешагӣ футбол мебозиданд

Хабарҳои рӯзи гузашта: Селҳое, ки роҳҳоро бастанд. Ҳалокати як духтари 15-сола, ки дар рӯди Сир оббозӣ мекард

Зарфи шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ омадани селҳо ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин кормандони наҷот ба шаҳрвандон дар мавриди боз кардани дари бастаи манзилҳои истиқоматии онҳо кумак карданд. Аммо аз ҳалокати як ноболиғи дигар дар рӯди Сир хабар расид. Духтар 15 сол дошт, дар ҷойи мамнуъ оббозӣ мекард...

3 июли соли 2023 соати 13:00 дар ҳудуди деҳаи Водифи...

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои пурчанг ва омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо

ҳавои пурчанг

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3-5 июли соли 2023  бар асари боди шадиде, ки аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 13-18 м/с хоҳад вазид, дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст.

Наҷот се нафар дар рӯди Сир, ки дар ҷойи мамнуъ оббозӣ мекарданд. Яке 29 сол дошт, дуи дигар ҳамагӣ 13 сол

тонущий человек

Наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои зиёдеро дар заминаи пешгирии марги одамон дар обҳоро анҷом медиҳанд. Онҳо ҳамарӯза бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни таблиғотӣ бо одамон ҳамсуҳбат мешаванд. Ҳамзамон дар тафреҳгоҳҳои соҳилҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаву

Ҷустуҷӯи изи ҷиноят дар соҳили Зарафшон. Наҷотдиҳандагони КҲФ дар соҳили дарёи пурхурӯши Зарафшон рабудашудагонро меҷӯянд

Кормандони Раёсати махсусгардондашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи наҷотдиҳандагони Кумита  дар водии Зарафшон шаҳрванд Исмоилҷон Раҳмонов ва мошини тамғаи  «Hyundai Sonata»-ро меҷӯянд, ки дар он ҷонишини раиси “Орёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев рабуда шуда буд.

Страницы