Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” эълон шуданд

Дар ҳошияи конфронси илмӣ дар мавзӯи «Фармони таърихӣ ва саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», бахшида ба 24-умин солгарди қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа», ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид.

Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Меҳрӣ Олимшо, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок доштанд.

 Дар ин озмун дар маҷмӯъ 211 зани хизматчии давлатӣ аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳру деҳоти кишвар ширкат варзиданд, ки аз ин шумора 77 нафар ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. 52 нафар хидматчиёни давлатӣ то ба даври ниҳоӣ расиданд ва танҳо 27 нафарашон ғолиб гардиданд.

Диплом ва ҷоизаҳоро ба ғолибон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири фарҳанг ва Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.

Афсари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Умеда Юсуфӣ дар ин озмун ғолиб эълон гардид ва соҳиби мукофот шуд. 

барчасп: