Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои сарду борону барфи ду рӯзи оянда
Чоп шуд: 12/12/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 13-14 декабри соли равон дар аксари ноҳияҳо, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ, ағбаҳо туман пешбинӣ шудааст (13 декабри соли 2023 масофаи дид дар ағбаҳо то 50 метр хоҳад буд). Дар қаламрави вилояти Суғд бод 18-23 метр дар як сония хоҳад вазид.