КҲФ: Рӯзҳои 12-13 бориши барфу борон, коҳиши ҳарорати ҳаво пешбинӣ мешавад, эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад
Чоп шуд: 08/12/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 12-13 декабри соли 2023 ҳавои сард дар назар дошта шуда,дар водиҳо борон ба барф табдил меёбад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барфи зиёд дар назар дошта шудааст.