8 декабри соли 2023 дар чаҳорчӯби Ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ таҳти унвони «Беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ: Истифодаи маълумот, технология ва сиёсат барои таъмини ояндаи бехатар» Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо ноиби президент ва сардори созмони барномарезӣ ва буҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Довуд Манзур, ки ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи ёдшуда ба Душанбе омада буд, мулокот кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ду кишвар дар самти вокуниш ба офатҳои табиӣ, таълим, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карданд.
Дар ин дидор ҷониби Тоҷикистон барои беҳбуди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи ҷилавгирӣ ва рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ як қатор пешниҳодҳоро ба миён гузошт.
Дар навбати худ ҷаноби Манзур саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар минтақа баланд арзёбӣ кард.
Дар ин нишаст тавофуқоте дар заминаи кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ташкили давраҳои омӯзишӣ, омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо ва боло бурдани огоҳиҳои сокинон ба ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати коҳиши хатари офатҳо ба даст омад.