Воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби техника ва воситаҳои техникии нав шуданд
Чоп шуд: 26/12/2023 | redaktor![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/khf_0497_0.jpg?itok=wW2YriEA)
Охири ҳафтаи гузашта бо мақсади беҳтар намудани базаи моддию техникии ҳамаи воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият доранд, маросими супоридани техникаи вазнин, техникаи махсус, воситаҳои шиноварӣ, телефонҳои маҳвораӣ, камераҳои наворбардорӣ, дастгоҳҳои аккосӣ, тахтаҳои электронӣ, таҷҳизоти тиббӣ баргузор шуд.