Охири ҳафтаи гузашта бо мақсади беҳтар намудани базаи моддию техникии ҳамаи воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият доранд, маросими супоридани техникаи вазнин, техникаи махсус, воситаҳои шиноварӣ, телефонҳои маҳвораӣ, камераҳои наворбардорӣ, дастгоҳҳои аккосӣ, тахтаҳои электронӣ, таҷҳизоти тиббӣ баргузор шуд.
Ин дастгирӣ дар чаҳорчӯби ду лоиҳаи муштараки Кумита – «Лоиҳаи миллии КҲФ ва БОР оид ба идораи офатҳои табиӣ» ва «Беҳдошти омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни КҲФ ва Бонки ҷаҳонӣ», инчунин шарики байналмилалӣ - Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд.
Ҳамаи ин таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ барои анҷоми корҳои саривақтии рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, иҷрои корҳои наҷоти фаврӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, гузаронидани дарсҳо дар марказҳои таълимии КҲФ, инчунин ба даст овардани маълумоти саривақтӣ ва саҳеҳ оид ба вазъи табиат, ҳодисаҳои эҳтимолии фавқулода пешбинӣ шудаанд.