Наҷоти шахсе, ки дар лифти бинои бисёрошёна дармонда буд

24 декабри соли 2023  соати 15:48 бо телефони «112» ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг заданд, ки дар кӯчаи Алишери  Навоӣ, бинои 58/18 лифт вайрон шудаву марде дар он дармондааст.

Барои расонидани кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд. 

Муайян гардид, ки ин лифт миёни ошёнаҳо ба сабабҳои техникӣ дармондааст. Дар дохили он як нафар аз истиқоматкунандагони бино дармондаву дар ташвишу изтироб аст.

Имдодгарон бо истифода аз таҷҳизоти махсус дар лифро боз карданд ва сокини ин биноро аз дохили он беосеб берун оварданд.

Вай ба кумаки тиббӣ ниёз надошт.

барчасп: