Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 12-13 декабри соли 2023 ҳавои сард дар назар дошта шуда,дар водиҳо борон ба барф табдил меёбад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барфи зиёд дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо рӯзона дамои ҳаво 8-13 дараҷа поин хоҳад рафт. Ҳавошиносон дар баъзе ноҳияҳо туманро пешгӯӣ мекунанд ва шамол бо суръати 15-20 м/с мевазад. Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хатари резиши тарма бештар мешавад.
Илова бар ин, барфи тар метавонад ба танаи симчӯбҳои интиқоли барқ ва дарахтон часпад ва бо вазнинӣ ҳолаҳои садамавиро ба вуҷуд орад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқӣ вабухориҳоқоидаҳои бехтарии пешгирӣ аз сӯхторро риоя кунанд.
Ҳамчунин Кумита ба сокинони ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ дар остонаи фасли сард барои риояи қоидаҳои бехатарӣ чанд тавсия медиҳад:
- Новобаста ба он ки шумо соҳиби чӣ гуна манзили истиқоматиед, бояд захираи ҳезуму ангишт дошта бошед.
- Хонаҳои худро гарм нигоҳ дорем, ҳарорат ба ҳадде бошад, ки барои аҳли хонавода чун паногоҳ аз сардӣ хидмат карда тавонад. Аз истифодаи дастгоҳҳои худсохти барқӣ барои гарм кардани хонаҳо худдорӣ намоед, то сабаби ҳар гуна ноҷӯриҳо ва бахусус сӯхтор нашаванд.
- Ҳангоми боди шадид зери дарахтон, симчӯбҳои интиқоли барқ, сутунҳои реклом паноҳ набаред!
- Бовар ҳосил намоед, ки чоравои хонагии шумо дар ҷойи амн асту сардӣ таъсираш надорад. Дар бораи захираи ғизо ба чорво ва об низ сари вақт фикр кунед.
ЧАНД ТАВСИЯ БА СОҲИБОНИ МОШИНҲО:
- КҲФ бори дигар хотиррасон мекунад, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;
- ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;
- тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед.
Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:
– Навбатдори масъул дар Кумита: -112, 93-880-28-19, 221-91-19, 223-13-11;
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:
225-44-62, 225-44-76;
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:
- (83139) 2-60-74;
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
- (83222) 2-35-05, 2-78-28;
Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб:
- (83322) 21656, 21657
Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
- (83522) 2-40-57, 22744;
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
- (83422) 51555, 57995