8 декабри соли 2023 Ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ: Истифодаи маълумот, технология ва сиёсат барои таъмини ояндаи бехатар» ба кори худ поён дод.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори самти идораи хатари офатҳои табиӣ аз 9 кишвари Осиё, аз қабили Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Камбоҷа, Макао, Микронезия, Муғулистон, Туркия, Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
Ин ҷаласа бо мақсади муколамаи созанда, табодули иттилоот ва таҷриба, баррасии вазъ дар минтақа ва муайян кардани мушкилоти асосӣ дар давраи афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои фавқулоддаи алоқаманд ба обу ҳаво ва ҳаводиси иқлимӣ, ки хатари ҷиддӣ дорад, баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Вай аз ҷумла гуфт: «Чунон ки коршиносони Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ қайд мекунанд, гармшавии ғайримуқаррарии ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳон баландтар мушоҳида мешавад. Оқибатҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, падидаҳои хеле нигаронкунанда буда, боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зерсохтҳо мешаванд. Боварӣ дорам, ки вохӯрии мо платформае хоҳад шуд, ки ба кишварҳои мо имкон медиҳад, то ба ҳадафҳои ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ноил шаванд».
Дар рафти чорабинӣ ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Қарор шуд, нишасти навбатӣ соли 2024 дар Теҳрон баргузор шавад.
Гуфтанист, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Маркази Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба рушди идоракунии иттилоот оид ба офатҳои табиӣ (APDIM) роҳандозӣ шуд.
Ҳадафи асосии ҷаласаи Гурӯҳи коршиносони минтақавӣ мусоидат ба табодули дониш, ҳалли инноватсионӣ ва таҷрибаи пешқадам дар идораи офатҳои табиӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҳамгироии маълумот, технология ва сиёсат барои беҳтар кардани омодагӣ ва қобилиятҳои вокуниш дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.