Ифтитоҳи бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ

13 декабр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои сарду борону барфи ду рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 13-14 декабри соли равон дар аксари ноҳияҳо, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ, ағбаҳо туман пешбинӣ шудааст (13 декабри соли 2023 масофаи дид дар ағбаҳо то 50 метр хоҳад буд). Дар қаламрави вилояти Суғд бод 18-23 метр дар як сония хоҳад вазид.

Ҳалокати се узви як хонавода аз гази карбон. Чӣ бояд кард, ки ин ҳодиса такрор нашавад?

Шаби 7 ба 8 декабри соли 2023 се узви як хонавода, модари 42-сола ва ду духтараш, ки яке яксола ва дуюмӣ сесола буданд, баъди заҳролуд шудан аз гази карбон ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар кӯчаи Хуҷамбиёи Поёни ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рух додааст.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори ҳамдардӣ...

Маркази заминларзаи субҳи дирӯз Афғонистон буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон 10-уми декабри соли равон соати 08:38 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 249 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон буд.

КҲФ: Рӯзҳои 12-13 бориши барфу борон, коҳиши ҳарорати ҳаво пешбинӣ мешавад, эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 12-13 декабри соли 2023 ҳавои сард дар назар дошта шуда,дар водиҳо  борон ба барф табдил меёбад.  

 Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барфи зиёд дар назар дошта шудааст. 

Страницы