Маркази заминларзаи субҳи дирӯз Афғонистон буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон 10-уми декабри соли равон соати 08:38 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 249 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Ин заминҷунбӣ талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

барчасп: