Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Кумита

Имрӯз, 1-уми декабри соли 2023 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ташаббуси роҳбарияти Кумита ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.

Ин маҳсулот бо нархи хеле арзон аз нархи бозор ба кормандон фурӯхта шуд. Чун кулли маҳсулот параваришшуда дар хоҷагии ёрирасони Кумита ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буд, ки мустақим ба ярмарка оварда шуд.

Коргарон тавонистанд бо нархҳои дастрас гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва маҳсулоти дигарро харидорӣ кунанд.

Гуфтанист, ки ин гуна якрмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Кумита барои қонеъ кардани эҳтиёҷи кормандон сари чанд вақт баргузор мешавад.

барчасп: