Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон тамринҳои маҷмуии мудофиаи гражданиро доир намуданд.
Машқҳо дар мавзӯи «Амали мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии давлатӣ дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи қувваю воситаҳо барои мудофиаи граждании вилоят» дар давоми се рӯз амалӣ карда шуданд.
Ин машқҳо таҳти роҳбарии сардори мудофиаи гражданӣ-раиси ноҳияи номбурда бо иштироки бевоситаи кормандони масъули КҲФ, намояндагони комиссияҳои мудофиаи граждании ноҳиявӣ ва раисони ҷамоатҳои ноҳия баргузор гардиданд.
Дар рафти машқ масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, қувваю воситаҳо ба сел, ярч, заминларза ва эвакуатсияи аҳолии ҷамоату деҳоти вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар давраи баргузории машқҳо дараҷаи омодагии аҳолӣ ба муҳофизат аз сел, ярч ва заминҷунбӣ кор карда баромада, сатҳи омодагии қувваю воситаҳои ҳукумати ноҳия дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардид.
Ғайр аз ин, иншоотҳои муҳофизатии мудофиаи гражданй ба ҳолати омодабош гузошта шуданд. Дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ системаи огоҳсозии фаврӣ барои аҳолӣ аз рўй додани ҳолати фавқулодда ва ё таҳдиди он санҷида шуда, корҳои ҳифзи соҳилҳо гузаронида шуданд.