КҲФ: То 17-июни соли равон хатари омадани селҳо вуҷуд дорад
Чоп шуд: 14/06/2024 | admin![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/sel-9.jpg?itok=B1ryqAU3)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 15-17 июни соли 2024 дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.