Паёмадҳои сел дар Кӯлоб бартараф мешавад

Сели гузашта дар минтақаҳои ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ба хоҷагиву ҳавлиҳои мардум зарар расонд, роҳҳоро аз лойу регу шағал пур кард. Барои бартараф кардани оқибатҳои сел то кунун корҳои зерин анҷом дода шуданд.

 Дар  ҷамоати  деҳоти  Зиракӣ  бо  ҷалби  3 адад (мехлопата) 3 адад Мошин Дулан, 3 адад экскаватор канали обпартои  деҳаи  Сангпар  ва Офтоблиқо ба масофаи  120  метр аз  сангу  шағал  тоза  карда  шудаст. 

Ҳамзамон  обу  лойқа ва сангу  шағале, ки ба шоҳроҳи  ҷумҳуриявии Кӯлоб - Муъминобод  дар  минтақаҳои  деҳаи  Сангпар  ва Офтоблиқоро баста буданд, тоза  карда  шудаанд. Бо ҷалби  3 адад  автомошинаи  махсуси оташнишони  роҳҳои  дохилии  ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз  обу  лойқа  тоза карда шуданд.

КҲФ: То Наврӯз хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ин манбаъ хабар додааст, ки аз 18 то 21 марти соли 2025 бинобар боло рафтани дамои ҳаво дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 48-74), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли тармафароӣ вуҷуд дорад.

Сел дар Кӯлоб. Ҳаҷми зарар муайян карда мешавад

15-уми марти соли 2025 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар натиҷаи боришоти шадид, ки тақрибан аз соати 00:00 то 02:30 ба қайд гирифта шуда буд, сел аз нишеби кӯҳи воқеъ дар наздикии деҳаи Сангпар ба шоҳроҳи Кӯлоб-Мӯъминобод сарозер шуд. Дар натиҷа заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои Офтоблиқо ва Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ қисман зери об монда, як қисми заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллаҳои дар ҳудуди шаҳр воқеъбуда, аз ҷумла маҳаллаҳои ба номи Ҳувайдуллоев, Умари Хайём ва Чармгарон зери об мондаанд.

Суҳбат аз коррупсия воҳидҳои дар Кумита

Тибқи Нақшаи кории Кумитаи  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи дохилии Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти Кумита барои соли 2025 бо мақсади пешгирӣ ва коҳиши кирдорҳои коррупсионӣ дар байни ҳайати шахсии раёсатҳои моддию техникӣ, масъалаҳои кули Сарез ва сохтмон, истифодабарии бино ва иншоотҳои Кумита рӯзи 14-уми марти соли равон вохӯрӣ бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Мулоқот бо прокурори ҳарбӣ

14 марти соли 2025 дар доираи такмили омодагии касбии кадрҳо ва бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм барои солҳои 2021-2025” дар байни кормандони Дастгоҳи марказии Кумита бо прокурори ҳарбии Шуъбаи назорат ва тафтиши Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои  прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  подполковники адлия Баҳризода Алишер Эгамбердӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

 

 

Страницы