Паёмадҳои сел дар Кӯлоб бартараф мешавад

Сели гузашта дар минтақаҳои ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ба хоҷагиву ҳавлиҳои мардум зарар расонд, роҳҳоро аз лойу регу шағал пур кард. Барои бартараф кардани оқибатҳои сел то кунун корҳои зерин анҷом дода шуданд.

 Дар  ҷамоати  деҳоти  Зиракӣ  бо  ҷалби  3 адад (мехлопата) 3 адад Мошин Дулан, 3 адад экскаватор канали обпартои  деҳаи  Сангпар  ва Офтоблиқо ба масофаи  120  метр аз  сангу  шағал  тоза  карда  шудаст. 

Ҳамзамон  обу  лойқа ва сангу  шағале, ки ба шоҳроҳи  ҷумҳуриявии Кӯлоб - Муъминобод  дар  минтақаҳои  деҳаи  Сангпар  ва Офтоблиқоро баста буданд, тоза  карда  шудаанд. Бо ҷалби  3 адад  автомошинаи  махсуси оташнишони  роҳҳои  дохилии  ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз  обу  лойқа  тоза карда шуданд.

Ситоди бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо  ҷалби 15 нафар кормандони  Хадамоти давлатии оташнишонӣ, 15 нафар  наҷотдиҳандагони Шуъбаи минтақаи Кӯлоби Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон бо 2 адад автомашинаи махсуси наҷот, 42  нафар  сарбозони қисми ҳарбии 13483-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри  Кӯлоб,  17 нафар аз курсантони Коллеҷи  милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100 нафар  кормандони  ташкилоту  муассисаҳо  ва   аҳолии  дар  деҳаҳои  Сангпар, Офтоблиқои ҷамоати деҳоти Зиракӣ, маҳаллаҳои дохилии шаҳр  Нурулло  Ҳувайдуллоев, Ҳилоли  Аҳмар, бо  ҷалби 7 адад  таҷҳизоти  обкашӣ 45 адад манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони деҳаҳои номбурда аз селоба тоза  гардида, бо  хӯроки  гарм таъмин  карда  шудаанд.

Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Кӯлоб  ба  23 хоҷагии  осебдида кумаки  яквақтаинаи  моддӣ  расонид.

 16-уми март корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ идома ёфтанд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои  фавқулода  дар  ҷамоати  деҳоти Зиракӣ  бо  ҷалби  2 адад мехлопата, 1 адад экскаватор обу лоиқаи дохили роҳҳои байни деҳаҳоро тоза карда, инчунин бо ҷалби кормандони соҳаҳои маориф ва муассисаи тандурустии шаҳри Кӯлоб дар деҳаҳои Сангпар, Офтоблиқо ва маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоев зиёда аз 35 хоҷагӣ ёрии амалӣ расонида шуд.

Аз  ҷониби  Ситод бо  ҷалби кормандони  ШКҲФ ва Хадамоти давлатаии оташнишонии шаҳр бо таҷҳизотҳои обкашӣ дохили боғи ботаникии шаҳр ва 4 адад манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон аз обу лойқа тоза карда шуд.

 Ҳамзамон Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Кӯлоб ба 9 хоҷагии  осебдида  кумаки  як вақтаинаи  моддӣ  аз  қабили маводҳои  ғизоӣ расонид.

Комиссияи  ҳолатҳои фавқулодаи  шаҳр  муайян намудааст, ки дар  ин офат ягон хонаи пурра ё қисман зарардида ба қайд гирифта нашудааст.

 

барчасп: