14 марти соли 2025 дар доираи такмили омодагии касбии кадрҳо ва бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм барои солҳои 2021-2025” дар байни кормандони Дастгоҳи марказии Кумита бо прокурори ҳарбии Шуъбаи назорат ва тафтиши Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Баҳризода Алишер Эгамбердӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеа шарҳҳои мухтасар ва пурмазмун дода шуд.
Дар баромади худ Баҳризода Алишер Эгамбердӣ дар бораи моҳият ва зуҳуроти ин падидаҳо дар ҷомеаи муосир фаҳмову сода суханронӣ намуд. Вай инчунин дар паёмадҳои ин падидаи манҳус ва оқибати ҷалби афрод ба ҳар гуна созмонҳои ифротиву террористӣ бо мисолҳои равшан нақл кард.
Дар поёни вохӯрӣ миёни намояндаи Прокуратураи ҳарбӣ ва кормандони КҲФ табодули афкор фарҷоми вохӯрӣ намояндаи Прокуратураи ҳарбӣ ба саволҳои кормандони Кумита посух дод.