КҲФ: То Наврӯз хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ин манбаъ хабар додааст, ки аз 18 то 21 марти соли 2025 бинобар боло рафтани дамои ҳаво дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 48-74), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли тармафароӣ вуҷуд дорад. 

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ронандагон бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар аз вазъи роҳҳо огоҳ шаванд, воситаҳои нақлиёти худро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои тармахез масофаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд. 

Кумита ҳамчунин тавсия медиҳад, ки шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд, аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум,гиёҳҳои шифобахш, шикор ё ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ худдорӣ намоянд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват менамояд, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва ҳангоми рӯбарӯ шудан ба ҳолатҳои фавқулода ба рақамҳои 112 ё 93 880 28 19 занг зананд. 

 

 
барчасп: