15-уми марти соли 2025 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар натиҷаи боришоти шадид, ки тақрибан аз соати 00:00 то 02:30 ба қайд гирифта шуда буд, сел аз нишеби кӯҳи воқеъ дар наздикии деҳаи Сангпар ба шоҳроҳи Кӯлоб-Мӯъминобод сарозер шуд. Дар натиҷа заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои Офтоблиқо ва Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ қисман зери об монда, як қисми заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллаҳои дар ҳудуди шаҳр воқеъбуда, аз ҷумла маҳаллаҳои ба номи Ҳувайдуллоев, Умари Хайём ва Чармгарон зери об мондаанд.
Барои тоза кардани роҳи деҳаҳои Офтоблиқо ва Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз техникаи вазнини муҳандисӣ истифода бурда мешавад.
Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияҳои Кӯлоб бо техникаи махсус ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, барои кашидани об аз қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва тоза кардани ҷӯйбору заҳбурҳо аз оқибатҳои офати табиӣ талош мекунанд.
Инчунин, кормандони шуъбаи КҲФ дар гурӯҳи навоҳии Кӯлоб аҳолии зарардида аз офати табииро ба маконҳои амн интиқол доданд.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Кӯлоб дар айни замон ҳаҷми зарари расидаро мушаххас мекунад.
Офати табиӣ талафоти ҷонӣ ва харобиҳои дигар надошт.