Суҳбат аз коррупсия воҳидҳои дар Кумита

 Тибқи Нақшаи кории Кумитаи  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи дохилии Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти Кумита барои соли 2025 бо мақсади пешгирӣ ва коҳиши кирдорҳои коррупсионӣ дар байни ҳайати шахсии раёсатҳои моддию техникӣ, масъалаҳои кули Сарез ва сохтмон, истифодабарии бино ва иншоотҳои Кумита рӯзи 14-уми марти соли равон вохӯрӣ бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар мулоқот мавзуъҳои “Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии самти коррупсия”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2016, №465 “Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсия)” ва “Мубориза бо коррупсия - нафъ ба рушди ҷомеа” барарсӣ шуданд. 

Дар вохӯрӣ корманди Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Розиқзода Ш.А ва ҳайати шахсии раёсатҳои моддию техникӣ, масъалаҳои кули Сарез ва сохтмони Кумита иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур мақсаду моҳияти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии
самти коррупсия, қабул гардидани стратегия ва барномаҳои миёнамӯҳлати давлатӣ, ки нақши онҳо дар амалишавӣ ва паст гардидани шиддати коррупсия хеле назаррас мебошад, инчунин масъалаҳои фаъолияти мақомотҳои дахлдори муборизабаранда бо амалҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии он, мавриди суҳбат қарор гирифт.

 
барчасп: