КҲФ: Рӯзҳои 13-14 июни соли ҷорӣ хатари омадани селҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 13-14 июни соли равон дар навоҳии наздикӯҳӣ ва  кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.

Ёриҳои башарӣ ба хонаводаҳои аз сел осебдидаи ноҳияи Варзоб

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кӯмак ба аҳолии зарардида аз сел, Кумита бо дастгирии шарикони байналмиллалӣ ёриҳои худро дар самти расонидани кумак ба аҳолӣ идома медиҳад.

Ба шарофати вокуниши фаврӣ ва ташкили возеҳи ҳамкориҳо

Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли сел дар қаламрави вилояти Суғд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки шабонарӯзи оянда дар қаламрави вилояти Суғд хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии

Тамошои дастҷамъии суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар КҲФ

Имрӯз кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” тамошо карданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”

Олиҷанобон,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳамаи шуморо ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайрамақдам мегӯям!

Страницы